Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки Гулов Диловар, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон, авбошӣ кардаву дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Вебгоҳи РКВД (dushanbepolice.tj) менависад, ки шаҳрванд Гулов Диловар Шералиевич (ному насаби дигараш: Шерализода Диловар Шералӣ), санаи таваллудаш 18.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо, ки қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст, ҷустуҷӯ мешавад. Далели дар ҷустуҷӯ будани ӯро боз содир кардани ҷинояти навбатӣ – авбошии гуруҳӣ тибқи талаботи моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардаанд, ки ба ин айб гумонбар дониста шуда, аз 19.05.2021 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое дорандд, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳанд.

Чанд рӯз пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки Алишер Гулов, як писари дигари Гул Шералӣ, бо иттиҳоми иштирок дар муноқишае дастгир шудааст ва писари дигараш дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Дар ин муноқиша Фирдавс Муродов ва Амирхон Сангалиев (Шаҳбоз) маҷрӯҳ шудаанд. Наздикони Диловар фирори ӯро рад карда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь