МИҲД шаҳри Турсунзода барои пешрафти кори рузноманигорони ширкати маҳаллии ТВ ва радиои «Регар» мошини хизматӣ туҳфа кард, гуфт раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз дар  нишасти хабарӣ.

– Дар оянда барои ба системаи рақамӣ гузаштани ТВ «Регар» мусоидат хоҳем кард. Ҳамаи хароҷотҳо дар лоиҳа ба ҳисоб гирифта шудааст ва дар мавриди баррасӣ қарор дорад», – илова кард ӯ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо намояндагони васоити ахбори ҷумҳуриявию маҳаллӣ ҳамкории пайваста дорад. Ҷиҳати таъмини фазои иттилоотӣ давлатӣ дар шаҳр нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Диёри Турсунзода», нашрияи ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», «Алюминийи Тоҷикистон», маҷаллаҳои соҳавии маориф ва тандурустӣ – «Нури маърифат» ва «Тибби Бӯалӣ» инчунин нашрияи шаҳрии КИ ҲХДТ «Ҳидоят», ширкати телевизион ва радиои «Регар», радиои «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» фаъолияти пурсамар доранд.

Ҷиҳати дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он инъикос кардани навгонӣ ва пешравиҳои шаҳр ҳамкориҳо бо шабакаҳои телевизион ва радио, инчунин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, давоми соли 2021 вобаста ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр тавассути васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ беш аз 130 гузоришу мавод инъикос ва ба табъ расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь