Ситораи футбол Лионел Мессӣ клуби «Барселона»и Испанияро ба далели нотавонии ин клуб дар бастани шартномаи нав бо бозигар, ки Ла Лига пардохти муздро маҳдуд кардааст, тарк кард.

Лионел Месси дар нишасти матбуотии видоъ гиря кард. Футболбози аргентинӣ ба минбар баромад, аммо муддати тӯлонӣ сухан гуфтан натавонист ва ашк рехт. Тамошобинон ва рӯзноманигорон, ки дар нишасти матбуотӣ ҳузур доштанд, ба Лионел кафкӯбиҳои бардавом карданд.

Пештар клуби каталонӣ хабар дода буд, ки ба делели маҳдуд кардани пардохти музди бозигарон аз ҷониби Ла Лига ва камбуди молиявӣ наметавонад, ба Мессӣ маоши бештар диҳад.

Лионел Мессӣ дар ҳайати «Барселона» 17 сол бозӣ карда, 6 маротиба соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шудааст.

Дастаи фаронсавии ПСЖ довталаби асосии ба даст овардани аргентинӣ ҳамчун агенти озод буд, ки ба мақсад расид. «Пари Сен-Жермен» 10-уми август  Мессиро ба таври расмӣ муаррифӣ кард. 11-уми август ӯ бо шумораи “30” дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» ба мухлисон ошно шуд ва нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь