Як пораи имрӯз, ки дар он оянда офарида мешавад ва ё тасвиргаре, ки аз АРТ Намоишгоҳи ҷаҳонии Ню Йорк ду ҷоизаи «Уқоби тилло»ро барои Тоҷикистон овард. Ва боз барандаи ҷоизаҳои дигари кишварҳои дигар шуд, яқинтараш баррандаи чор медали тилло. Ва ӯ академеки Академияи тасвиргарии Русия интихоб гардид, ки чунин шараф ба ягон тоҷики дигар насиб нашуда.  Ва ӯ мусаввир Зокир Собиров бошад.

Бузурге гуфтааст: Дар имрӯзи гузарон пораҳои ояндаи ҷовидонро сохтан худ истеъдод бошад.

Бале, эҷодгар дар пораи муайяни замон зиндагӣ ба сар мебарад. Ва гар эҷод бикунад, ширкатгар ё як ҷузъи муҳими пораи айёмаш бигардад. Ва гар навгоние ба миён оварда тавонад, замони худашро барои фардо ва барои оянда равона бисозад.

Ин тоҷикмард низ эҷодгар, навовар ва ояндасоз аст. Истеъдоду маҳорату хисоли нотакрораш варо на танҳо дар дохили кишвар, балки дар манотиқи азимтар номвару шӯҳратёр карда. Зеро вай дар тасвиргарии ҷаҳон бо исми «Параллелизм» ва ҳамчунин «Материализм» ду равияи нав ба миён оварда тавонистааст, яъне «Нурворизм» ва «Танворизим». Ин сабки билкул тозаест дар тасвиргарии дунё, ки доири ин ҳарфҳо метавон дарёфт дар саҳифоти интернети ҷаҳонӣ.

Барои ба ин сатҳи нави тафаккур ва тасвиргарӣ расидан вай худашро аз нав сохта тавониста. Ҳатто симояшро. Балки қолабҳои маъмулии эҷодро баршикаста буд аз ботину аз зоҳир. Масалан, номи шартии ин тасвир «Ботину зоҳири худ» бошад.

Касе дар мадди аввал онро портрет (чеҳранигорӣ) биангорад. Яъне симои худи муаллиф. Вале ин тасвира аст (живопис), ки дар параллелии симо шикастаҳои зиёд ҳам омада. Онҳо порануранд, поразиндагӣ ва ҳамчунин амвоҷу ҳаракат ва ҳамчунин осмони нилӣ ва ҳам замини гилӣ. Балки ин зиндагист, ки борҳо пора шуда ва борҳо дӯхта шуда (дар шакли дӯхта шудани галстук ва пеши бари пироҳан). Зиндагии порашуда ва боз дӯхташуда, ки сиёҳу сафедии зиёд дорад. Ва ҳамчунин чаҳорчӯбаи зиндагист, ки борҳо шикаста шуда, борҳо пайваст гардида. Балки ин фард андаруни ин қолаб ва ин чаҳорчӯба нағунҷида, онро шикаста, берун рафта. Чунон ки дар эҷод чунин карда.

Сабке, ки дарёфта буд ва ихтирогараш шуморида шуд, дар аввал гӯё танҳо хоси тасвиргарӣ ва мусаввирӣ буд, ки бо василаи шабакаи интернет доираш бо ҳавасу эътиқод ҳарф мезаданд, ҳамчунин дар нишасти аҳли эҷод, хоса тасвиргарон пиромуни ҳаминҳо радду бадал ва гуфтугӯи зиёд ба амал меомад. Аммо вай буд, ки ин сабкҳоро, ин равияро ҳамчунин якбора ба меъморӣ интиқол дода тавонист. Балки ғайричашмдошт ва ҳайратбахш чунин карда тавонист.

Масалан, фармуданд дар лаби обистане ё дар фароғатгоҳе амфитеатр ба миён биоварад, ки фарогири соҳили обистан, ҳатто фарогири роҳи мошингарду пиёдагузар бошад.

Барои ӯ офаридани саҳни пеши амфитеатр ва сатҳи он мушкилӣ надошт, зеро худ хатмкардаи Донишгоҳи маъруфи театр ва кино ва мусиқаи шаҳри Санкт Петербург маҳсуб мешуд, баъдан саҳнаи намоиши театрҳои ҷавонону театри русии Тоҷикистон  ва хоса опера ва балети Айниро меофарид ва бо тарзи хос меофарид. Хоса, барои намоишономаҳо, ки дар он Малика Собирова мерақсид, махсусан, дар «Лайливу Маҷнун», ки иҷрои порае аз он дар фестивали ҷаҳонии балет Маликаро ғолиб гардонд ва барояш унвони олии «Маликаи саҳнаи ҷаҳон»-ро овард. Чунин саҳнаҳои аслӣ, нодир, нотакрор ва фасонабор на танҳо Малика Собирова, балки Собирови дигарро, яъне мусаввири ин намоишномаҳоро низ бештар шӯҳратёр ва номвар гардонид.

Аз ин боис Зокир Собирови мусаввир ба театрҳои хориҷ ба кор даъват шуд, ки он солҳо қариб ягон нафар аз мусаввирони театрҳои шӯравӣ барои чунин ҳамкорӣ ба боргоҳҳои азими санъати хориҷа даъват намешуданд. Хосатан, барои офаридани балету операҳои Лайливу Маҷнун барин достони асотирии қадима. Зокир Собиров ба Алҷазоир низ даъват гардида буд. Забони давлатии Алҷазоир арабӣ ва фаронсавӣ аст, яъне омехтаи ду фарҳанг ва илова бар ин, фитрати аҷдодиву қадим ба он печидааст. Кишварест, ки санъату хиради аврупоӣ ва шарқӣ омезиш ёфта ва бузургони зиёдро ба арсаи олам додааст. Дар ин ҷо, хоса дар саҳнасозии театр ва тасвираҳои он муваффақ шудан осон набуд. Боз ба ҷавонмарде, ки аз як ҷумҳурии кӯчаку назарногири шӯравӣ даъват гардида бошад.

Аммо Собирови мусаввир он ҷо ба зудӣ муваффақ шуд. Бисёриҳо на танҳо барои дидани намоиш, балки дидани санъати саҳнасозии ӯ меомаданд, ки он ҳам то ҳадде меъмориро мемонд. Саҳна – меъмории омехтаи зиндагиву фасона, бо роҳраву зинапояҳои ғайримуқаррарӣ ва тоқу воридгоҳҳои нотакрор.

Баъди бозгашт ба ватан Зокир Собиров хост ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар саҳнаи зиндагӣ навгониҳои дигар ба миён биоварад. Ӯ ду ҷараёни нави тасвиргарии ҷаҳониро ба миён оварда тавонист, ки то ҳанӯз амсолаш набуд. Вале ба ин ҳама қонеъ намешуду эҷодро идома медод. Ӯ хост барои имрӯзу оянда тарҳи амфитеатре биофарад. Албатта сохтани сатҳи пеши амфитеатр барои ӯ мушкилие надошт, зеро айёми ҷавониву навҷавониаш дар театр гузашта. Ӯ метавонист фасонаи заминию осмониро дар он фасонагоҳи пайвастаи обистан ва ҷангал, албатта бо иловаи навгониҳои воридкарда ва бозии пардаҳои девора ва соҳил, ки аслан битонианд, на матогӣ, ҳарчанд чу пардаҳои матоӣ метобанд, бо истеъдоди хоса омезиш бидиҳад.

Вале мушкили асосӣ дар қисмати пасаш буд, ки чӣ тур офарида мешуд, то болояш театр бошад ва зерашу бараш кӯчаю пиёдагузар. Чунон бошад, ки раҳгузари пиёдагард ё саворае пардаҳои театр, накҳати саҳна ва ҳикмати намоишро эҳсос кунад. Ва роҳи паси амфитеатр як ҷузъи дунболи чунин тарҳ буд:

Инро «Амфитеатри лаби обу болои роҳ» номидаанд. Ин архитектураи аз қолаб беруншуда аст. Зеро агар аз қолаби имрӯз каме набароӣ, тарҳи фардоро чӣ тур тавонӣ сохтан, то фардо навгониҳо ва бозёфтҳои зиёдро дар худ ғунҷонад, бозёфту навгониҳоеро ҷой диҳад, ки ба дунёи нави оянда мувофиқ бошад. Масалан, имрӯз ба гунбазҳо ва девораи чоркунҷаю якнамуди биноҳои замона одат кардаем. Оянда шояд бе ин ҳам нашавад. Аммо дар мазмуни он ва тарҳи он дар оянда чӣ тағйиротҳое буда метавонад? Аз ин боис Зокир Собиров девору тоқу равоқ ба миён овард, ки ба имрӯз монанд будаву монанд набуда, манорҳое ба миён овард, ки ба манораҳои собиқа ва болопӯши он шабоҳат доштаву шабеҳ набуда.

Андаруни “Хона-афсона” ба умеди фардои дигар ва такя ба имрӯзу гузаштаи дур зиндагии пурфасона ба миён овардан ва идома бахшидан мумкин аст. Хона-афсона иморати пурмуаммо, утоқҳои сеҳрангез аст, ки атроф ва девораҳояшро чун чодари арӯсӣ пардаҳо печондаанд, яъне ҳам покиза ва ҳам пурэъҷоз. Пардаҳое, ки дар бари иморат болу пар шуда ва хаёлу тафаккур ва орзуҳоро ба чаҳорчӯбаи муқаррар накашидаанд, балки ҳидоят бикунанд ба парвози волое. Бомҳо, ки мисли сари модари муборак каллапӯш, яъне сарбанд доранд ва гӯшаи сарбандашон то китфи бино фаромадааст, илқо кунанд, ки дуои модарон дастгиру мададгори сокинони ин иморат бошанд ва хоҳанд буд. Охир, ҳар бино бояд асрор дошта бошад, чунонки паси ҳар пардаву нимпарда розу асрор ниҳон аст. Яъне парда, ки девор ва тоқу равоқ шудааст, соябону ороишу намои бино гардидааст.

Чунин тасаввурот ва ояндабиниро муҳаққиқони саҳеҳназар дар шабакаи интернетӣ ва навиштаҳои дигар матбуоти ҷаҳонӣ аз бозёфтҳои мудоми Зокир Собиров номидаанд. Ҳамчунин зикр шудааст, ки ӯ ҳамчу эҷодкори дурбин ва ояндабин он чиро дида тавониста ва тасвир кардааст, ки чунинаш барои ками имрӯзиён муяссар шавад ё нашавад.

Масалан, барои иморати азимро ба миён овардан бояд як қитъаи заминро, ки пеш гиёҳу долу дарахт дошту нақлиёт ҳам ин ҷо меистод, кофта, он ҷо таҳкурсӣ партофта, сипас девора ва иморат рост кунанд. Аммо чаро ин қитъаи собиқ, ки ҷойи иморат шудааст, бо тарҳи собиқаш нест бигардад ва онро, дар асл, дар куҷои он иморати нав бо тарзу намои собиқ ҳифз кардан мумкин?! Ва ё дар болои бомаш мумкин нест? Яъне гӯё иморатро насохтаанд, балки худаш аз қаъри замин якбора муъҷаз рӯидаву ҳар намои собиқазамини ин маконро ба сар бардошта, боло бурдааст, ҳатто нақлиёти собиқаашро. Ва хоку пораҳои заминаш дар болову зери равзана ва пояи бино мондаанд ва мехоҳанд гӯянд, ки иморат аз сатҳи замин ба сӯи боло худаш рӯйида. Албатта, онҳо девораҳои бетонианд, вале дар намуди хоку поразамин, ки чунин сохта шуда.

Ин рӯйиши иморат ҳам дар бари маҳалли муқаррар ва одӣ як мӯъҷиза бошад. Мӯъҷизае, ки вай ҳамроҳи писари меъмораш Кабир ба миён оварда тавонистааст.

«Иморатҳо на танҳо бозгӯ ва фасонаю мӯъҷизаи як маҳаланд, балки ҳар иморат бо вазифае, ки андарунаш иҷро мешавад, то ҳадде мутобиқ ва шабеҳ буданаш мумкин аст, – ақида дорад худи мусаввир ва архитектор Зокир Собиров. – Масалан, одат кардаем, ки бинои бонк (хазина) аз чаҳордевораи азими чоркунҷа иборат асту аксари бинои осорхона ва ҳатто муассисаҳои эҷодӣ низ чунин сохташуда ба назар мерасанд. Яъне ҳама якрангу якнамуд ва бо тарҳи якхела ё ба ҳам наздику наздик. Ҳол он ки иморатҳо низ бояд гӯяндаи вазифаи иҷромекардаи худашон бошанд. Масалан, вақте ки бонк мегӯем, хазинаи азимро, пулро дар назар дорем. Пулҳои зиёд, ки дар хазина дар қадим дар халтаҳои ҷуволмонанди азиму ҳаҷмҳои дигар нигаҳдорӣ мешуданд, яъне саночҳои пӯстӣ, ки аз қадимулайём истифода мегардиданд. Пас чаро тарҳи хазина – бонк намуди инро ва ё ба ин шабеҳро надошта бошад?»

Дар натиҷа бонки тарҳаш ба халтаи пур шабеҳ арзи ҳастӣ намуд. Халтаҳои хурду азим ва ҳатто ҷуволмонанд, халтаҳои хобидаву ростмонда, ки андарунаш бойигарӣ ва хазина доранд. Хазинаи дуранга, ки яке ранги девораҳои битониаш ва дигараш ранги тирезаҳояш ба ҳам омада, ба амсоли саночи азиму пулдор сурат гирифта. Чун боигарӣ дорад, пас чаро намудаш ғановат, муаммо ва асрор надошта бошад? Намуди бонк гӯяндаи вазифаҳои бонк буданаш зарур.

Чун оянда зиндагии башар дигар мешавад, пас иморатҳояш низ дар намуду зоҳир дигархелтар бояд бошад. Чунон ки Хайём мехост ба дунё тарҳи дигар дарандозад. Рубоиёташ ва эҷодаш чунон тарҳ андохта шуда, ки аз қаъри асрҳо то мо расида ва сӯи оянда биравад, яъне бо ин тарҳи гӯё қадима, вале билкул наву тоза.

«Тарҳи иморат низ мисли рубоиёти Хайём даму нафас, тарҳу намуд ва мазмуну ботини ояндаро дошта бошад» – ақида дорад тасвиргар ва меъмор Зокири Собир.

Азбаски дар тамоми ҷаҳон одамон хоҳони навҷӯӣ ва навгонианд, ба вай тарҳи иморатҳоро бо намуди тозанигораш фармудаанд. Яке аз онҳо тарҳи офаридаи Зокир Собир дар Олмон аст, ки бо бару девораҳои навҷӯёнааш дар Олмон қомат афрохтааст:

Зокир Собир – муаллифи асарҳои меъмории ҷараёни «Параллелизм» ва «Материализм» («Нурворизм» ва «Танворизим») барои фаъолияти пурмаҳсули самаранок ва саҳми арзандааш баҳри рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва хоса дурбиниву ояндабинӣ бо ҷоизаи хосаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Бале, ояндаро мисли Зокир Собиров бояд дид ва дӯст дошт. Оянда, ки дар он навгониҳои дигар ва тозакориҳои дигар ва намои дигар ва сабку услуби ғайриодӣ ва мӯъҷизахез ва фасонавӣ нақш дорад. Балки онро эҷодгари бузурги тоҷик нақш карда тавониста. Ояндае, ки инсоният ва зиндагӣ ба сӯи он равон аст… Ояндае, ки ба дирӯзу имрӯз то ҳадде шабеҳ бошад, фарқият ҳам дорад, тафовут дорад бо чизҳои тағйирхӯрда, нигоҳи дигар, тарҳи тозааш, нотакрораш…

Бо ин ҳама Зокир Собиров магар хушбахт аст?

Ва онро бо гуфтаи бузурги дигари олам, ки Марк Авреллий ном дорад, натиҷагирӣ мекунем: «Иқболи ҳаёти ту вобаста бошад бо андешаҳои ту, ба парвози хаёли ту, ба тасаввуротҳои ҳакимонаи ту, ки пур аз навҷӯӣ ва навгонӣ асту сӯи ояндаҳое мебарад, Мебарад бо ҳикмату ҳиммату тӯфони хосае… Иқболу хушбахтии ту ҳамин аст!..»

Шераки ОРИЁН,

дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь