Ҳафт шаҳрванди Узбекистон дар Мексика гаравгон гирифта шуданд. Онҳо дар яке аз хонаҳое, ки дар шаҳри Гомес-Паласиои Мексика воқеъ аст, нигаҳдорӣ мешуданд.

Ба навиштаи нашрияи El Siglo de Torreon, инҳо панҷ мард, як зан ва як кӯдаки ноболиғ буданд. Ба навиштаи нашрия, онҳо тавассути автобус ба Калифорнияи ИМА мерафтанд, ки ҳангоми истгоҳ дар Гомес Паласио мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҷинояткорон аз ӯзбекҳо 1200 доллар талаб кардаанд, аммо онҳо пул надоштанд. Аз ин рӯ, ин афроди номаълум онҳоро барои ба даст овардани пул ба хонаи шахсӣ овардаанд.

Мақомоти интизомии ин кишвар узбекҳоро раҳо карда, барои ҳимоя ва кумак ба пажӯҳишгоҳи миллии муҳоҷират фиристодаанд. Сафорати Узбекистон дар ИМА ва Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь