Намояндагони вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз иқтидорҳои истеҳсоли ва содиротии маҳсулотӣ кишоварзии ноҳияи Кӯшониён дидан карданд.

Имрӯз, 9 феврали соли 2023, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур, сардори Раёсати Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Абдуҳошим, намояндагони ҳокимияти давлатии вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон Шоназаров Умар, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Акмола Физдиков Саят, роҳбари СПК ” Каше” ва намояндагони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз имкониятҳои истеҳсолӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, гармхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии ба содиротнигаронидашуда дидан карданд.

Гуфта шуд, меҳмонон ба фаъолияти хоҷагидорон ва дигар имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии ноҳия таваҷҷӯҳ карда, оид ба ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Меҳмонон ҳангоми сӯҳбат омодагии худро вобаста ба харидории маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ, маблағгузорӣ ва бастани шартномаҳои дуҷониба ибрози ақида карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь