Дар маркази савдои “Меҳргон” дар Душанбе идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард. Нуқтаи тиҷоратии оператор ба ин ҷой аз назди бозори Шоҳмансур ба думболи муштариёни худ тағйири макон намуд.
“МегаФон Тоҷикистон” идораҳои хизматрасониро дар маконҳои барои муштариён мувофиқ мекушояд. Ба чунин маконҳо маркази шаҳру деҳот, мачмааҳои маъмули тиҷоратию фароғатӣ , бозорҳои калон дохил мешаванд. Чунин ҷойгиршавӣ ба теъдоди зиёди муштариён имкон медиҳад, ки дар аснои роҳи худ ҳаққи хизматрасониҳои алоқаро пардохт карда муфидро пайваст намоянд ё барои кӯмак дар танзимоти дастгоҳҳои мобилӣ ба мушовирони “МегаФон Тоҷикистон” муроҷиат кунанд.
“Мо вазъиятро бо диққат пайгирӣ менамоем ва талаботи муштариёнамонро ба назар мегирем – масалан, вақте бозор ба ноҳияи дигари пойтахт гузаронида мешавад – идораи “МегаФон” ба думболи мизоҷони худ меравад”, – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Парвиз Давлатов.
Идораи МегаФон дар “Меҳргон” бе истироҳат ҳар рӯзи ҳафта фаъолият мекунад.