МедиаАлянси Тоҷикистон барои журналистони ҷавон, донишҷӯёни курсҳои болои факултаҳои журналистика, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вилояти Хатлон, вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе озмуни интихобӣ барои иштирок дар Мактаби зимистонаи омӯзиши истеҳсоли видео ва  дигар намуди контентро эълон мекунад.

Мактаби зимистона аз 15 то 24 январи соли 2023 гузаронида шуда, дар он коршиносон оид ба меъёрҳои байналмилалии журналистика, асосҳои гирифтани аксу видео ва танзими он, техникаи мусоҳиба ва ғайра дарсҳои амалӣ хоҳанд гуфт. Баъди хатми мактаби зимистона иштирокчиёни он имкон пайдо мекунанд, ки бо расонаҳои аъзои МАТ дар асоси гонорар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Хоҳишмандони иштирок дар омӯзиш метавонанд дархости онлайниро https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLScjkG6Nsy35WsAReYpNBjqHRhMvs0kIfC1jvzkttNjfv39ElQ/viewform?vc=0&c=0&w=1&flr=0&gxid=-8203364 то 10 январии соли 2022 пур кунанд. Барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 93 525 93 13 аз соати 09:00 то 17:00 рӯзҳои корӣ занг занед ва ё ба суроғаи электрони mat.all.tj@gmail.com нависед.

Мактаби зимистонаи МАТ бо дастгирии Комиссия рушди демократияи назди сафароти ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь