Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои Осиё-2022 бо пирӯзӣ дар даври ниҳоӣ соҳиби медали тило ва роҳҳат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 шуд.

Варзишгари тоҷик даври якум бар Арсланбек Очилови туркман, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Эркин Одилбек Уулуи қирғиз ва дар даври нимниҳоӣ бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯзӣ шуда, ба даври ниҳоӣ баромад.

Муштзани сангинвазн Давлат Болтаев дар даври ниҳоии вазни 92 кг бар муштзани мизбон Ҳан Хуежан бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 3:2 дар як рақобати ҳассос ва душвор музаффарият ба даст овард ва нишони заррини мусобиқаро ба гардан овехт. Ин нишони дуюми тилои Тоҷикистон аз Бозиҳои 19-уми Осиё ва медали шашуми дастаи мунтахаби кишвар аз ин мусобиқа аст.

Бо ин дастоварди шоён Болтаев исмашро дар таърихи бокси кишвар ҳаккокӣ кард. Ҳамчунин, Давлат Болтаев бо муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Порис-2024-ро ҳам, ба даст оварданд. Миҷгона Самадова (57 кг)  дар даври ниманиҳоӣ аз қаҳрамони Осиё Карина Ибрагимова аз Қазоқистон бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Ин нишони чоруми биринҷӣ ва ҳафтумин нишони Тоҷикистон аз ин мусобиқа аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь