Варзишгари ҷавону умедбахш, узви дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон (WT) Муниса Ойматова дар мусобиқаи байналмилалии “G1 Beirut Open 2019” миёни ҷавонон сазовори медали тилло шуд.
Мусобиқа аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон аз 6 то 8-уми сентябр дар шаҳри Бейрути кишвари Лубнон баргузор шуд. Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 21 кишвари дунё иштирок карданд.
Муниса Ойматова ягона намояндаи Тоҷикистон буд, ки дар вазни -49кг миёни ҷавонон ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд. Ба ифтихори ӯ дар кишвари Лубнон Суруди миллии Тоҷикистон садо дод, ки туҳфаи арзанда ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Муниса соли 2019 дар 5 мусобиқаи сатҳашон гуногун иштирок карда, ба гирифтани медал даст ёфтааст. Аз ҷумла, моҳи апрел дар Алмаатои Қазоқистон, моҳи июл дар Сеули Ҷумҳурии Корея медали тилло, моҳи июл дар шаҳри Чунгчони Ҷумҳурии Корея медали нуқра ба даст овардааст.