Дар рӯзи даҳуми Бозиҳои 5-уми осиёии даруни толор ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 3 медали тило шуданд.

2 медали тилоро дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд.

Акмалиддин дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови узбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.

Беҳрӯз дар вазни -74 кг аввал бар Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас бар Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.

Миҷгона дар вазни -60 кг, намуди “Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Варзишгарони тоҷик дар ин рӯз, ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро, Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг дар самбо сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад – 3 тило, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ расид ва дастаи мунтахаби кишвари мо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷойи 27-ум ба 16-ум баромад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь