15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. Аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе масъулин  вазифадор гардидаанд, ки иҷрои  саривақтии   нақшаи   чорабиниҳои  мазкурро дар пойтахт таъмин намоянд.

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврӯз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии  аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамуданд.

Иди Меҳргон ба монанди иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин идҳоро одамон  бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь