Имрӯз аз ҷониби масъулони МИҲД-и шаҳри Бохтар дар баробари айёдату дастгирии дигар шахсони камбизоат, Рустам Сафаров, сармуҳарии ҳафтаномаи “Набзи Бохтар”-ро низ аёдат карда, ба ӯ кӯмак карданд. 

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар як қатор шаҳрвандони ниёзманди шаҳр ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Набзи Бохтар”-и шаҳри Бохтар аёдат карда шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба онҳо маводи молию пулӣ тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 4- ми ноябр духтур ба Рустам Сафаров журналисти соҳибқалам  гуфт, ки бемор бояд ҳарчи зудатар ҷарроҳиро анҷом диҳад, дар сурати дер кардан, метавонад бар зарари бемор анҷомад.

Барои амалӣ кардани ин ҷарроҳӣ ба Рустам Сафаров 70 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки то имрӯз аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва наздикону пайвандонаш 35 ҳазор сомонӣ он ҷамъоварӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь