Дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати бонк Сафарзода Рукмина Сафар, бо иштироки Шурои занони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва шумораи наздики 400 зану бонуи саридора ва филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе машварати корӣ дар мавзуи «Нақши бонувон дар пешрафти фаъолияти Амонатбонк» баргузор гардид.

Дар оғоз муовини раиси бонк Сафарзода Рукмина иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми зан-модар, дар заминаи қабули санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, бештар афзалият дода шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Ин аст, ки занону бонувони кишвар дар радифи рисолати модарӣ, бо як нерӯи хосса дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Дар рафти ҳисоботи Шӯрои занони КВД БА ҶТ «Амонатбонк», аз ҷониби раиси шӯро Раҳимзода Шаҳло қайд гардид, ки дар Амонатбонк ба ҳолати имрӯза шумораи 1392 бону фаъолият доранд, ки 47%-и кормандони бонкро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан, имрӯзҳо дар Бонк 28 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 65 нафар ҳамчун сардорони воҳидҳои сохторӣ фаъолият доранд.

Маврид ба зикр аст,ки дар заминаи эътимод ва дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва дастгирию таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Бонк, шумораи бонувон дар Амонатбонк сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Дар идомаи сухан, зимни рӯнамо оид ба дастовардҳои занон ва бонувони фаъоли Амонатбонк ёдовар шуда, иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2023 дар Бонк 15 маротиба озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он шумораи 629 нафар довталаб иштирок карданд, ки аз онҳо 473 нафар, аз ҷумла 269 нафар бонувон ба кор қабул гардиданд (57%).

Зимни мулоқот муовини раиси Амонатбонк Рукмина Сафарзода таъкид кард, ки мо занону бонувони Бонк таҳти сиёсати   ягонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, бо шукргузорӣ аз садоқату муҳаббаташон ба меҳани аҷдодӣ бояд бо натиҷаҳои баланди молиявӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату саривақтии бонкӣ ба муштариён, бахусус бо нишон додани одоби баланди касбӣ, бо роҳи муомила, муошират ва муносибати хуб, инчунин дилу нияти пок ва беғаразона худро муаррифӣ намоем.

Чунки нақш ва мавқеи Амонатбонк, ҳамчун бонки давлатӣ, маҳз дар симои ҳар як корманди Бонк, ки хизматрасониҳои бонкиро ба муштариён пешниҳод менамояд, баҳо дода мешавад.

Ҳамзамон, ба ҳозирин дастур доданд, ки доир ба тозагии биноҳои филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва кӯчаву хиёбонҳои атрофи биноҳо, то тозагии манзилҳои истиқоматиашон масъулияти дучандро нишон диҳанд. Чунки зан худ олиҳаи ҳусн аст ва тозагию ободкорӣ чӣ дар хона ва чӣ дар коргоҳ аз зан вобастагии зиёд дорад.

Дар баробари ин, дар ҷаласа масъалаи бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва ҳисси баланди миллӣ омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь