Субҳи имрӯз, 10-уми март, дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар як сарҳадбони тоҷик аз тири ҳамтои қирғизаш ҳалок шудааст. Ҳамзамон, хабаргузориҳо аз захмӣ шудани ду марзбони дигар ва чанд деҳқон хабар медиҳанд.
«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», – гуфтааст як манбаъ ба ОИ «АП».
Дар бемористони марказии Исфара маҷрӯҳ шудани марзбонон ва афроди осоиштаро тасдиқ карданд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қирғизии “24.kg” аз қавли Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон менависад, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.
Ин хабаргузорӣ аз оғози гуфтугӯи телефонии намояндагони сарҳадии ҷонибҳо иттилоъ медиҳад ва мегӯяд, ки дар натиҷаи тиррпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон захмиён низ ҳастанд.
“Намояндагони сарҳадии ду кишвар музокирот доранд”,- менависад “24.kg.