Ахиран сару садоҳо дар робита ба он ки маршали ӯзбектабори афғонистонӣ Абдулрашид Дӯстум дар ҳудуди Ӯзбекистон паноҳ бурдааст, беасос хонда шуд. Ин сару садоҳо баъди суқути давлати Афғонистон ва пирӯзии ҷунбиши Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд.

Ҳатто гуфта мешуд, ки президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ ва намояндаи барҷастаи тоҷикони шимоли Афғонистон Ато Муҳаммад Нур низ дар ҳамин ҳол дар Ӯзбекистон ба сар мебаранд.

Хабаргузориҳо бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мегӯянд, ки на Абдулрашид Дӯстум ва на он ду нафари дигарро Ӯзбекистон ба ҳайси паноҳанда қабул накардааст ва хабарҳои вобаста ба паноҳанда будани онҳо дар Ӯзбекистон комилан беасос мебошанд.

Дар хабарҳо ҳамчунин гуфта мешуд, ки чанд ҳазор қӯшуни маршал Дӯстум баъди пирӯзии ҷунбиши Толибон марзи Ӯзбекистонро убур кардаанд ва дар қаламрави ин кишвар мақоми паноҳандаро гирифтаанд.

Аз ҷумла, бино ба иттилои хабаргузории русии ТАСС  Абдулрашид Дӯстум ба далели он ки аз Толибон паноҳ ёбад, аз мазори Шариф ба Тирмиз гузаштааст. Ин манбаъ афзуда, ки афғонҳои зиёд тавассути роҳи ягона – пули “Дӯстӣ”-и болои рӯдхонаи Омӯ, ки Ӯзбекистон ва Афғонистонро ба ҳам васл мекунад, ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд.

Аммо дар сомонаи хабаргузории “Дунё” омадааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамаи ин сару садоҳоро беасос хондааст ва ҳузури ин ашхосро дар қаламрави худ такзиб намудааст.

Ёдовар мешавем, ки сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбеи гузашта тайи як нишасти хабарӣ аз ҷамъи журналистон даъват намуд, ки дар масъалаи Афғонистон ба хабарҳои беасосу бепоя бовар накунанд ва бо истифода аз он гузоришҳо низ пахш нанамоянд.

– Мо омода ҳастем, ки ҳар гуна маълумоти асоснок ва заруриро ба шумо дастрас намоем, – гуфт Шерзод Асадов.

Тибқи хабарҳои расида ба сари қудрат омадани нерӯҳои “Толибон” дар Афғонистон аллакай мунҷар ба он шудааст, ки ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии  Uzbekistan airways  хатсайри парвози миёни Тошканд-Деҳлиро тағйир диҳад.

Дар ин бора Оҷонси иттилоотии Podrobno.uz. бо такя ба шабакаи телеграми «Новости Ташкентского Неба» хабар додааст. Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо зимни парвоз фазои Афғонистонро убур намекунад. Барои ҳамин мусофирони хати сайри Тошканд-Деҳлӣ-Тошканд ба ҷои дуюним соат 3 соату 50 дақиқа парвоз хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь