Рӯзи 30-юми октятбр маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба “Фараж” хабар доданд, ки дар ин рӯз, соати 9:00, Ҷаласаи якҷояи палатаҳои болоӣ ва поёнии парламент, даъвати шашум доир мегардад ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Тоҷикистон савганд ёд хоҳад кард.

Гуфта мешавад,Ҷаласаи мазкур мувофиқи қисми сеюми моддаи нуҳуми Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи Президенти Тоҷикистон рӯзи 11- уми октябри соли 2020 баргузор гардид ва дар он 5 номзад аз ҳизбҳои мухталифи кишвар бо ҳам рақобат карданд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии кишвар Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо касби 3 миллиону 837 ҳазору 227 ё 90,92 дарсади раъйи мардум, барои 7 соли оянда, Президенти Тоҷикистон интихоб гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь