Рӯзи 17-уми август дар шаҳри Хоруғ Маркази соҳибкорӣ кушода шуд, ки аз ҷониби Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафаш машваратдиҳӣ, омӯзиш ва дастгирии тавлиди даромад ва рушди бозор барои роҳбарони тиҷоратҳои хурд ва деҳқонони минтақа мебошад.

Дар ин бора аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба “Фараж” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи масъулин, Маркази соҳибкории мазкур бахше аз Барномаи рушди иқтисоди маҳаллӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи интихобшуда мебошад ва тиҷоратҳое, ки дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 зарар диданд, бо ифтитоҳ ёфтани Маркази соҳибкории мазкур умеди нав пайдо карданд.

Чаро донишгоҳе мисли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соҳибкориро рушд медиҳад?

Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳ, дар суханронии худ ба ин савол ҷавоб дод:

“Ҷавоб  сода, вале  ҳамзамони мураккаб  ҳам аст. Сода ба он хотир аст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бахши  ҷудонопазири Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN) мебошад, ки ҳадафи мушаххас ва рӯшани он беҳбудбахшии сифати зиндагии мардум аст. Ҷавоби мураккаб ба он хотир аст, ки фаъолияти муассисаи омӯзишӣ дар атрофи дониш аст…аммо, агар мо мехоҳем сифати зиндагии мардумро беҳбуд бахшем, ин дониш бояд барои дастгирӣ ва истиқбол аз талоши башарият аз тариқи  соҳибкорӣ роҳ ва воситаҳое пайдо кунад.”

Гуфта шуд, бемории ҳамагири COVID ба вазъияти иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири назаррасе расонд ва даромади моҳонаи соҳибкорони инфиродӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон 54% коҳиш ёфт. Барои кӯмак ҷиҳати баромадани мардум аз ин вазъият Маркази соҳибкории Хоруғ бо гирди ҳам овардани ширкатҳои навтаъсис, мушовирони тиҷоратӣ,  сармоягузорони минтақа ва ҷаҳон роҳҳои навоваронаро дар ростои роҳандозии тиҷоратҳои рақобатпазир, брендҳои минтақавӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад.

Хонум Сабине Олтхоф, роҳбари дафтари Ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр кард, ки “як идея, ки шахсан барои худам хеле писанд омад, таъсиси Иттиҳодияи  қарзии хатмкунандагон дар назди Маркази  соҳибкории  Хоруғ барои дастгирии тиҷоратҳои нав мебошад.”

Маркази соҳибкории Хоруғ бо дастгирии дафтари Ҳамкории Олмон ва Фонди Оғохон дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.

Иматшозода Анвар, муовини  раиси ВМКБ, ки дар маросими ифтитоҳи Маркази соҳибкории Хоруғ иштирок дошт аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои дастгирии пайвастаашон дар заминаи  рушду тавсеа ҷавонон изҳори сипос кард. “Самари кор ин аст, ки имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он дар бузургтарин марказҳои илмию фарҳангии дунё машғули таҳсилу таҷрибаомӯзӣ мебошанд. ”

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муассисаи омӯзишии хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ буда, аз тариқи шартномаи байналмилалӣ байни президентҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон таъсис ёфтааст; аз тарафи парлумонҳои  ин се кишвар ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба унвони муассисаи олии омӯзишии беназир ба рушди манотиқи куҳистон тамаркуз  карда, кампусҳои Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи  худро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Нарини Қирғизистон бунёд кардааст. Сохтмони  кампуси сеюми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар  шаҳри Текелии Қазоқистон дар марҳилаи барномарезӣ қарор дорад. Кампусҳои Донишгоҳ аз тарафи Арата Исозакӣ, меъмори  ҷоизадор тарроҳӣ шудаанд. Мактбаи олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ ва Мактбаи маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) иборат аст. Шурӯъ  аз соли 2006 бештар аз 177  ҳазор донишомӯз курсҳои ММКД-ро  хатм кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь