30-юми август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” пеш аз навсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди Маркази истироҳатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.

Дарвозаи даромадгоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” бо нақшу нигор ва услуби хосса ороиш дода шуда, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст.

Пайроҳаҳо бо тахтасангҳо рӯйпӯш карда шуда, дохил ва атрофи кӯл дар майдони кариб 3 гектар сабзазор гардидааст ва дар ҳудуди он дарахту буттаҳои хоси иқлими ҷанубу шарқӣ шинонида шудаанд.

Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ хизмат расонад.

Воридшавӣ ба ҳудуди ин Маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншооти марказро фароҳам месозад.

Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидаанд.

Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хосса сохта шудаанд.

Бинои якум аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум хазина, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшӯӣ ва утоқҳои кории маъмурият ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи дуюм аз толори маҷлис ва ҳуҷраҳо барои истироҳат иборат аст.

Дар назди бинои мазкур майдончаи кушоди консертӣ бо тамоми таҷҳизоти ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг қомат афрохта, ҳамзамон шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.

Дар қисми шимолу шарқии кӯл бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгиранд, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошанд.

Обанбори кӯли “Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кӯл фароҳам аст.

Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, рӯйпӯш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Дар баробари ин барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд.

Дар гирди кӯл дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил шуда, дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифода дар ҳудуди кӯл пешкаши сокинону меҳмонон намудааст.

Барои нафароне, ки худашон маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро бо дасти худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ дар наздикии кӯл катҳо мавҷуданд, ки аз он метавонанд истифода баранд.

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ —  ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.

Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.

Дар ин парки обӣ зиёда аз 16 навъи аттраксионҳои обӣ васл карда шудаанд, ки дар кишвар бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер.

Ифтитоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  30.08.2019

Ифтитоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  30.08.2019

Ифтитоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  30.08.2019

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь