Зиёда аз 100 корхонаи тиҷоратие, ки дар шаҳри Бохтар фаъолият мекунанд , аз бастани шартнома ва супоридани маблағи коммуналӣ саркашӣ мекунанд, ки ин вазъ боиси ифлос шудани маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар шудааст.

Директори Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бохтар Иқбол Достиев гуфт, ки бештар дорухонаҳо, мағозаҳои хӯрокворӣ,  кошонаҳои ҳусн, исгоҳҳои нақлиётӣ, нуқтаҳои фурӯши орд, ошхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ шомили ин рӯйхат мебошанд. Ҳамчунин, Бонки Имонинтернешнл, маркази дилхушии “Аспи сафед”, намояндагии ширкати мобилии Tcell, Кохи Луҳутӣ, меҳмонхонаи Фирза, ошхонаи Фарангизу Соҳил дигар ташкилоту идораҳо барои кашонидани партовҳо ба корхонаи коммуналӣ шартнома надоранд.

– Дар руйхате, ки мо тартиб додаем 100 адад чунин нуқтаҳо номнавис шудаанд, ки роҳбарони онҳо ба корхонаи мо барои баровардани партовҳои худ шартнома намебанданд. Онҳо партовҳои худро ҳар куҷое, ки хоҳанд мепартоянд, ки ин ҳолат боиси ифлос шудани маркази вилояти Хатлон гашатааст, – илова кард, номбурда.

Ӯ иттилоъ дод, ки барои шартнома набастан бо корхонаи коммуналӣ болои масъулини идораву корхонаҳои тиҷоратӣ ба прокуратураи шаҳр муроҷиат шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь