Прокуратураи ноҳияи Восеъ вобаста ба ҳолати аз ҳасиб заҳролуд шудани 6 нафари оилаи Давлатовҳо, аз деҳаи Кадучии ҷамоати Мирзоалӣ Вайсов, ки боиси ҳалокати Умаралии 2,5-сола, фарзанди хӯрдии ин хонавода гардид, санҷиш оғоз кардааст.

Сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ вобаста ба ин қазия дар суҳбат бо мо гуфт, ки ҳасибҳо дар як корхонаи ҳасиббарории шаҳри Кӯлоб истеҳсол гардида, ба ноҳияи Восеъ оварда шудаанд. “Феълан теъдоди зиёди чунин ҳасибҳо мусодира шуда, мавриди санҷиш қарор доранд”.

Номбурда, инчунин гуфт, алҳол дар Прокуратураи ноҳияи Восеъ санҷиши қазия идома дорад ва то ба охир расидани тафтишот аз тафсилоти бештар худдорӣ мешавад.

– Танҳо гуфтанд, ҳасибҳо на дар Восеъ, чӣ тавре ки расонаҳо менависанд, балки дар шаҳри Кӯлоб истеҳсол карда шудаанд, – гуфт У. Эмомалӣ.

Сафаралӣ Давлатов, падари Умаралии 2,5-солаи маъсуми қурбони номардиҳои замонагашта, дар суҳбат бо мо гуфт, ҳасибро аз дӯкони дӯкондори деҳа – Рабиев Амрохон харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи ин падари ғамзада, ҳасиб дар дохили яхдон буд ва ҳангоми харидорӣ кардан ягон нишонаи вайроншавӣ ва ё бӯеро ҳис накардааст.

– Ҳама ҳасибҳо дар яхдон буданд. Вақте ки харидорӣ кардам ягон бастабандӣ, санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолаш набуд. Дар хунукӣ, ки буд, ягон бӯе ҳам эҳсос накардам. Мо гоҳ-гоҳе аз ин дӯкони деҳа харидорӣ мекардем. Ба шуниди ман, ин ҳасибҳо дар як деҳаи шаҳри  Кӯлоб истеҳсол мегардидаанд. Ҳамон шаб, пас аз ҳодиса аз мақомот омада, чор халта ҳасиби боқимондаро барои ташхис ба идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия бурданд. Саҳари рӯзи дигар аз мағозаҳои фурӯши яклухт, аз маркази ноҳия 24 килои дигар ҷамъоварӣ кардаанд. Дӯконҳои деҳа маҳсулоташонро аз мағозаҳои яклухтфурӯшии ноҳия харидорӣ мекунанд. Дигар аз чизе хабар надорем, – гуфт Сафаралӣ Давлатов, падари Умаралии ғуррамарг.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ Бойназар Тағоев дар суҳбати телефонӣ бо мо гуфт, соати 20:30 кӯдаки 2,5-солаашонро оварданд, ки аллакай фавтида буд. Духтурон дигар ягон чора дида натавонистанд.

– Кӯдакро оварданду дар аввал нагуфтанд, ки ҳасиб хӯрдааст. Дастонаш карахт шуда буд, нафас намекашид. Баъдан соати 22:20 чор нафар аз фарзандон ва соати 02:30 пас аз нисфишабӣ модари кӯдаконро оварданд. Мо тамоми чораҳоро дидем, меъдаҳояшонро шӯстем ва пас аз як рӯзи дигар, 15-уми декабр ба хона ҷавоб додем, -г уфт сардухтур Б. Тағоев.

Ёдовар мешавем, ки шаби 13-уми декабр оилаи Давлатовҳо иборат аз 6 нафар – модар ва 5 фарзанд аз деҳаи Кадучии ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ пас аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд гардиданд, ки дар натиҷа фарзанди хӯрдии ин хонадон Умаралии 2,5-сола дар роҳ ба беморхона фавтидааст.

Шамсулло ФОЗИЛОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь