Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар солҳои охир соҳаи моариф бо маротиб рушд карда, давоми 30 соли истиқлоли кившар даҳҳо  муассисаи типи нав ва кӯдакистонҳои замонавӣ бунёд шудаанд.

Шаъмигул Шарифзода

Мудири Шуъбаи маорифи Шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода қайд кард, ки соли 2021  дар шаҳр ду муассисаи таълимӣ барои беш аз 500 хонанада дар як баст сохта ба истифода дода шуданд.

Мудир афзуд, ки айни замон дар шаҳри Бохтар сохтмони як муассисаи таълимӣ  дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо барои 1 ҳазору 224 нафар хонанда дар як баст аз ҷониби Федератсияи Русия , ки дар он таълим  бо забони русӣ ба роҳ монда  мешавад, идома дорад ва  он моҳи сентябри соли 2022 мавриди истфиода қарор мегирад.

Зикр карда шуд, ки дар назди мактаби №6 сохтмони бинои иловагӣ, ки аз чор ошёна иборат аст, идома дорад.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки соли гузашта  боз 2 адад муассисаи хусусии томактабӣ бунёд карда шуд ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 22 дарсад расонида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони як муассисаи хусусии томактабӣ воқеъ дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуда, сохтмонаш дар рӯзҳои наздик оғоз мешавад.

Шаъмигул Шарифзода илова кард, ки дар баробари бунёди мактабу кӯдакистонҳо дар муассисаҳои таълимии №11-ум 2 синфхонаи иловагӣ, литсейи давлатии №1-ум 2 синфхонаи иловагӣ, литсейи тамоюли технологӣ 1 синфхонаи иловагӣ ва дар муассисаи таълимии томактабии №5-ум 1 адад синфхонаи иловагӣ сохта шудаанд.

– Масъулони Ҳукумати шаҳри Бохтар ва Шуъбаи моарифи шаҳр дар оянда низ талош мекунанд, ки барои боз ҳам рушд кардани соҳаи моариф  аз ҳама имкониятҳо истифода карда, барои хонандагон ҳама шароити таҳсилро фароҳам оварданд, – гуфт мудири Шуъбаи маориф Шаъмигул Шарифзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь