Овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангинова дар озмуни Eurovision-2021 ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳ ёфт. Даври нимниҳоии аввал шаби сешанбе дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам баргузор шуд. Намояндагони 16 кишвар барои ҳаққи намояндагӣ аз кишвари худ дар марҳилаи ниҳоӣ талош намуданд.

«Русия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт», — эълон карданд барандагон.

Натиҷаҳо аз рӯи овоздиҳии ҳакамон ва тамошобинони телевизионҳои кишварҳои дар нимниҳоӣ ширкатдошта муайян карда шуд.

Манижа, ки бо суруди «Russian womаn» (Занҳои рус) ба марҳилаи озмуни Eurovision-2021 роҳ ёфт, иброз дошт, зимни танқидҳо ӯро аз ҳама зиёд нобоварии русиягиҳо нисбат ба ӯ, ки бо ин суруди русӣ ба марҳилаи ниҳоӣ баромада наметавонад, озурда сохт.

Ҳунармандон аз Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина низ пас аз натиҷагирии даври нимниҳоии аввал ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Нимниҳоии дуюм 20-уми май баргузор мешавад, аз рӯи натиҷаҳои он низ 10 нафар иштирокчӣ ба марҳилаи ниҳоӣ, ки 22-юми май баргузор мегардад, роҳ хоҳанд ёфт Намояндагони кишварҳои «Панҷгонаи бузург»-и Eurovision (кишварҳои таъсисдиҳандаи озмун) — Фаронса, Олмон, Италия, Испания ва Британияи Кабир, инчунин як нафар сарояндаи кишвари дар озмуни охирин ғолиб омада – Нидерланд дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок мекунанд.

Eurovision-2021 аз 18 то 22-юми май дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам баргузор мешавад. Соли гузашта ин озмун ба иллати пандемии коронавирус баргузор нашуда буд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки рӯзи шанбе мегузарад, сарояндагон аз 26 кишвар барои ҷои аввал талош мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь