Наҷотдиҳандагон рӯзи сешанбе пораҳои ҳавопаймои суқутшударо, ки ноиби президенти Малавӣ Саулос Чилима ва 9 ҳамроҳи ӯ дар он буданд, пайдо карданд. Ҳамаи сарнишинони ҳавопаймо кушта шудаанд, хабар медиҳад шабакаи радиоии Кениё Capital FM.

“Халокати Чилима ва 9 нафар дар дохили ҳавопаймое, ки наҷотдиҳандагон пораҳои онро тақрибан як рӯз пас аз нопадид шудани он аз радар кашф карданд, тасдиқ карда шуд”, – хабар медиҳад ин шабакаи радиоӣ.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Малавӣ, ҳавопаймо субҳи рӯзи душанбе пас аз парвоз аз Лилонгве ба шимол аз маркази радарҳо нопадид шуд.

Чилима бори нахуст дар моҳи майи соли 2014 мақоми ноиби президенти Малавиро ба уҳда гирифт. Соли 2020 ӯ бори дуюм савганд ёд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь