20-уми январ таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Дар маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид кард, ки соли 2019 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлис дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 ҳисоботи сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 3 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,7 фоизро ташкил дод. Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо, асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил намуд. Дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси  3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 27,6 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил кардааст.

Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, 27 номгӯйи молҳое, ки  дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол нагардида буданд, истеҳсолашон ба роҳ монда шуд.

Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ  нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботӣ сифрӣ пешниҳод намудаанд.

Президент ба сарвазир Қоҳир Расулзода, муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори маҷлис ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, вазири кишоварзӣ Иззат Сатторӣ, вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода, сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, президенти академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Султон, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии содирот Шавкат, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҳисобот доданд.

Дар охири кори ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ кард.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки соли 2020 тавассути иҷрои босифати нақшаҳои тарҳрезишуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар ҳаҷми 87,4 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши онро дар сатҳи 7,8 фоиз ва қисми даромади буҷетро дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин намояд.

Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳо тибқи супорише, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва сармоягузорӣ дода шуда буд, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ раванди таҳияи Кодекси андозро дар таҳрири нав суръат бахшанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти Вазорати молия муваззаф гардид, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа аз 1-уми сентябри соли 2020, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ эълон шуд, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешад.

Бо дарназардошти эълон шудани бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф зарур шуморида шуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида шуда, мутахассисони ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ омода карда шаванд.

Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки барои таҷдиди сохтор ва таъмиру азнавсозии китобхонаҳо, таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр ва таҷҳизоти муосир, маводи тавсиявию методӣ, тарбияи мутахассисони касбӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкили курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ва такмили ихтисос чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” чораҳои муассир андешад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи «Нақшаи бисёрсоҳаи беҳбуди вазъи ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» – ро таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Гуфта шуд, ки дар баробари мусбат ҷамъбаст гардидани соли 2019 ҳанӯз бисёр норасоиву камбудиҳо, аз ҷумла дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, пурра истифода нагардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, дар сатҳи зарурӣ ҷалб накардани сармояи хориҷӣ, таъмин накардани ҳаҷми зарурии қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва дигар камбудиҳо ҷой доранд ва бояд ҳарчи зудтар ислоҳ карда шаванд.

Вобаста ба ин, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси Ҳукумат зикргардидаро дар давоми сол бартараф намоянд, дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлатро пурра ва босифат амалӣ гардонанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд ва корро дар самтҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои истеҳсоливу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ ҷоннок намоянд.

Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ бояд назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшударо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳар семоҳа оид ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бунёди иншооти гуногун, корҳои ободониву кабудизоркунӣ, хусусан, бунёди боғу токзорҳои нав, беҳдошти ҳолати истифодаи замин, захираҳои об, экология ва дигар корҳо ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ намоянд.

Дар навбати худ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ тақвият бахшида, ҳалли масъалаҳои аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ гузошташударо вобаста ба корҳои ободониву бунёдкорӣ таъмин намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь