Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдори интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосияро иборат аз 56 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ карданд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосияи ҳаштум раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳмон, Қурбон Ҳакимзода, Маҳмадшоҳ Гулзода, Шарифҷон Ҷумъазода ва Фарҳод Раҳимӣ маърӯза карда, нисбат ба қонунҳои баррасишаванда хулосаҳои кумитаҳои дахлдорро иброз карданд.

Дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳоиҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва як қатор қонунҳои дигарро, ки дорои хусусияти такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, муҳокима ва ҷонибдорӣ карданд.

Зикр кардан лозим аст, ки дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 қонуни мукаммал – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва«Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардиданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи имрӯза пас аз баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати бекор карданидахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият доданд.

Инчунин тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъасудяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ ва Ширинзода Эраҷ Сифот бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяҳои Суди Олиииқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов» ва «Дар бо­раи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д.» баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар фарҷом раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни баромади худ фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти онро дар соли сипаришудаистодаи 2021 натиҷагирӣ карда, вазифаҳои аъзои Маҷлиси миллиро дар соли 2022 муайян кард.

Бо ҳамин, иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь