Дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҷиҳати санҷиши дониши донишҷӯён-равонпизишкон викторинаи санҷишӣ баргузор гардид. Дар викторинаи мазкур равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар соҳаи равонпизишкӣ Хуршед Қунғуротов ва дигар намояндагони самти равонпизишкӣ ба ҳайси довар ҳузур дошта, дониши психотерапевтони ояндаи кишварро санҷиданд.

Равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар викторина қариб 100 нафар дар чор даста – “Айсберг”, “Озодӣ”, “Мыслители” ва “Эмоция” иштирок доштанд, ки командаи “Эмоция” бо бартарӣ соҳиби мақоми аввал гардид.

– Бовар кунед, аз он ки дар ин самт мутахассисони соҳибмалака зиёд хоҳанд шуд, хеле хурсанд шудам ва ҳатто дар чашмонам ашки шодӣ ҳалқа зад, зеро ин орзуи деринаи ман буд. Сатҳи дониш барои донишҷӯён басанда аст, вале агар самти дониш ба хусусиятҳои равонии мардуми мо бештар равона мешуд, хуб мебуд. Мо  маслиҳат додем, дар оянда ин чизро ба назар хоҳанд гирифт, – гуфт равоншиноси тоҷик.

Маҳмудшоҳ Кабиров ҳамчунин илова кард: “Бо дидани ин донишҷӯён фаҳмидам, ки 20 сол муаррифӣ кардани илми равоншиносӣ аз тарафи мо дар афкори илмии ҷомеаи тоҷик натиҷа додааст”.

Номбурда пешрафти соҳаи равонпизишкиро дар кишвар “шикасти хурофоттабобатӣ” унвон карда, аз он болидаруҳ гардид, ки “оқибат руҳу равони тоҷик дар дасти мутахассисон хоҳад буд, аз хурофот орӣ мегардад ва боз иқтидори ниҳонии зеҳнии миллат бедор шуда, ҷаҳониёнро аз маънавиёт ва дигар илмҳои муосир ғанӣ мегардонад. Ин миссияи миллати назди ҷаҳониён аст”.

– Имрӯзҳо аз заҳролудшавии табобатҳои хурофотӣ равони мардум дар ҳолати ғайрифаъол қарор дорад. Баъди мушоҳидаи манзараи ҷилваи дониши шогирдон боварии комил пайдоям шуд, ки вақти гузаронидани чораҳои детоксикатсионии равонӣ фаро расидааст. Ҳамин шогирдон ин чорабиниҳои лозимиро мегузаронанд ва кӯмаки ҳирфаӣ ба беморони равонӣ ва функтсионалӣ расонида мешавад. Ин стратегияи солимгардонии равонии миллат аст, – гуфт дар интиҳои суҳбат равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь