13-уми май дар Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳими шаҳри Кӯлоб маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 60-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб баргузор гардид. Дар ин бора Бахтиёр Сафаров, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, хубар дод.

Дар оғози чорабинӣ дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши асарҳои шоир аз тарафи муассисаҳои таълимию фарҳангии шаҳр бо қироати порчаҳои шеърӣ аз тарафи дӯстдорони ашъори шоир пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардонида шуд.

Сипас, дар толори қаср бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр шоир Ҳақназар Ғоибро ба муносибати 60-солагии фаъолияти эҷодиаш табрику таҳният гуфтанд.

Дар ин маҳфили шеъру суруд, инчунин шоирону нависандагони машҳур аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳузур дошта, бо суханони воло шоирро табрик намуданд. Аз ҷумла муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод, меҳмонон аз вилояти Суғд раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод, абибон Додоҷони Эгамзод, Исмоил Зарифӣ, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманонов, Камол Насрулло, Салими Хатлонӣ, Абдуқодири Раҳим, Муҳаммад Ғоиб, Озар Салим, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири нашрияи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Сулаймон, сармуҳаррири нашрияи «Пайк» Аҳмад Иброҳим, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода ва дигар шоирону мухлисони ашъори шоир, хабарнигорони ВАО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур зери оҳангу таронаҳои дилнишини санъаткорони бахши фарҳанги вилоят дар минтақа ва шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд, ки он ба иштирокдорон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар чорабинии мазкур устодони санъат Ҳусейн Юсуфов, Хосияти Зарафшонӣ ва Ҷумъахон Сафар аз эҷодиёти шоир Ҳақназар Ғоиб сурудҳои худро пешкаши ҳаводорони шеъру суруд гардониданд.

Қайд карда шуд, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷчроияи ҳокимяити давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ шудааст.

Инчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба адабиёти пурғановати миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ба ифтихори 60-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар соли 2023 Озмуни шаҳрии “Ҳақназархонӣ” эълон намуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот иштирок мекунанд.

Озмун дар ду давр – аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2023 баргузор шуда, ғолибони озмун бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь