Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабии ёдбуди адиб Исмутулло Ибод, ки дар ҳамин рӯз бояд 70-солагиашро ҷашн мегирифт, баргузор шуд.

Дар маҳфил садри Иттифоқи нависандагон, дӯстон ҳамкорони Исматтуло Ибод ва дӯстдорони шеъри ин адиб ҷамъ омаданд ва аз ӯву шеъраш ёд карданд.

Дар маҳифл сурудҳо, ки бо матни ин шоир эҷод шудаанд, садо доданд. Ҳамчунин рӯнамоии китоби нави Исматулло Ибод бо номи «Марвориде аз дарёи ақл», ки замони дар қайди ҳаёт будани эшон омодаю вале ба дасти чоп нарасида буд, баргузор шуд.

Исматулло Ибод 25-уми феврали соли 1952 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Як муддат дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) фаъолият дошт. Маҳз бо кӯшиши ӯ соҳаи андози кишвар соҳиби нашрия шуд, ки “Паёми андоз” ном дошт ва онро Ибодов бо гуруҳи худ созмон дода буд.

Исматулло Ибодов дар баробари журналистӣ шеър ҳам менавишт ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Шеърҳояш дар маҷмӯаи «Раҳоварди сафед», «Накҳати Ромит», «Муниси дил», “Осмони чашм” ва “Марвориде аз дарёи ақл” нашр шудаанд.

Дили Исматтулло Ибод 6-уми майи соли 2019, дар синни 67-солагӣ, аз тапидан бозмонд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь