Дар ин шаҳри бостонӣ ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба гиромидошти падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осори гаронбаҳои ӯ бахшида шуд. Ин чорабинии фарҳангӣ дар боғи истироҳати ба номи Алишер Навоӣ ба вуқӯъ пайваст.
Гуфта мешавад, он бо ташаббуси маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва форсигӯёни вилоят ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд» роҳандозӣ гардид.
Маросими кушоиши онро доктори фанҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроев бар ӯҳда дошт. Вай зимни суханронӣ гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳои шеъру адаб дар ин шаҳри бостонӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард.
– Яке аз чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, ки шумо шоҳиди он ҳастед, ба гиромидошти устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ ва осори ғановатманди ӯ бахшида шудааст. Маҳфил “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад” унвон гирифтааст, – изҳор кард Ҷумъа Ҳамроев.
Дар ин маҳфил ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Хуршед Очилов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Садрӣ Саъдиев, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва форсигӯёни вилоят Акбар Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, роҳбари шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадулло Шукуров, инчунин олимону шоирон ва донишҷӯёни зиёд ширкат карданд.
Зимни суханронӣ нотиқон дар бораи рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ашъор, хосатан забони равон ва дилнишини шеърҳои ӯ, инчунин мавқеи Рӯдакӣ дар рушди адабиёти форсу тоҷик ва нуфузи ҷаҳонии ӯ бештар таваққуф карданд.
– Дар бақову пойдории забони модарии мо саҳми сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле бузург аст. Вақти он расидааст, ки дар ин давру замон низ осори гаронбаҳои ӯ мавриди тарғибу ташвиқи васеъ қарор гирад ва онро ҳар фарди шеърдӯсту адабпарвар хонаду аз мутолиа он баҳраҳо барад, – гуфт устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев.
Тавре вай тазаккур дод, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарварӣ дорад, бинобар ин дар ҳама маҳфилу нишастҳо ва анҷуманҳои хурду бузург аз ӯ ба унвонҳои «одамушшуаро», «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди Аҷам» ном мебаранд ва вайро бо муҳаббату ихлос ва эҳтироми хос ба забон мегиранд.
Дар идомаи маҳфили гиромидошт доир ба омӯхтани осори шоир дар замони муосир, корҳои илмие, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, чанд маълумот ироа гардид. Ба гуфтаи нотиқон дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва мавриди истифода қарор додани он дар зиндагӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Ҳар сатру байти ин алломаи бузурги шеъру адаби форсу тоҷик ба ҳайси роҳнамои муҳими омӯзиши ҳаёт ва одамият арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки ҷавонон метавонанд ба воситаи омӯхтани ашъори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ соҳиби илму дониш, биниши тоза шаванд, ҳисси ватандӯстию худшиносиашон бедор гардад, фазилатҳои беҳтарини инсонӣ, аз ҷумла накӯкорӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқатро омӯзанду ба он пайравӣ кунанд.
Дар маҳфил намунаҳои зиёде аз шеъру ғазалҳои шоир аз ҷониби шоирону олимон ва гурӯҳи донишҷӯён қироат гардид. Чорабинии мазкурро баромади дастаҳои ҳунарӣ шукӯҳи идона бахшид.
– Мунтазам баргузор намудани маҳфилҳои гиромидошти алломаҳои бузурги шеъру адаби форсӣ, ҳатто роҳандозии маҳфили шеъру таронахонӣ дар боло рафтани ҳувияти миллии ҷавонон нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, ба ин чорабиниҳо ҳарчи бештар бояд ҷавонон ҷалбу ҷазб карда шаванд, – гуфт ба мухбири “Фараж” сардабири рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Гулобод” шоир Нормурод Каримзода.
Вай тазаккур дод, ки дар Самарқанд ҷавонони соҳибистеъдод ва шеърдӯсту шеърпарвар хеле зиёданд. Ба таъкиди Нормурод Каримзода маҳсули қалами иддае аз ин ҷавонон берун аз марзи ҷумҳурӣ ба шефтагони каломи ноби форсӣ ба таври фаровон муаррифӣ шудааст. Шеъру ҳикояҳои онҳоро нашрияҳои мухталифи бонуфуз низ интишор кардаанд.
– Ин ҷавонон дар ояндаи наздик ба сифати пайравони ҳақиқии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва номбардорони шеъру адаби форсӣ мавқеъ пайдо хоҳанд кард, – изҳор намуд Нормурод Каримзода.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Самарқанд