“Мо ҳаққи маблағҳои грантиро ошкоро гуфтан надорем.

Дар шартномае, ки мо бо давлатҳои хориҷӣ имзо мекунем, дар як банд омадааст, ки маблағҳо бояд махфӣ нигоҳ дошта шаванд”.

Дар ҷавоб ба суоле, ки оид ба миқдори маблағҳои грантии Агентии ҷангал пурсида шуда буд, чунин посух доданд дар нишасти матбуотии ин Агентӣ, ки 31 июл баргузор гардид. Ин маълумот то чӣ андоза ҳақиқат дорад? Аксарият аз ин гуфта ба тааҷҷуб омаданд ва изҳор намуданд, ки бори аввал дар ин бора мешунаванд.

Барои аз ҷиҳати қонунгузорӣ мушаххас намудани ин масъала ба ҳуқуқшинос Ранҷет Ятимов муроҷиат намудем ва ӯ дурустии маълумоти мазкурро рад кард:

“Тамоми ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва агентиҳо вобаста ба грантҳояшон ба Вазорати адлия ошкоро ҳисобот медиҳанд. Қонун дар бораи сирри давлатӣ дорои бандҳое аст, ки дар он иттилооте, ки ба категорияи конфиденсиалӣ ва сирри давлатӣ дохил мешаванд, оварда шудааст. Лекин дар масъалаи грант он ҷо қайде нест ва дар ҳеҷ куҷо он ҳамчун сир қайд нагардидааст. Ҳатто ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ғайр аз ҳисоботе, ки ба Вазорати адлия медиҳанд, дар сайташон оид ба хароҷотҳое, ки дар доираи грант ба анҷом расониданд, ҳамасола маълумот пахш мекунанд. Он ҷо дар хусуси он ки дар доираи кадом грант чӣ кадар маблағ гирифтанд, барои чӣ сарф карда шуд ва маблағҳои боқимонда чӣ қадарро ташкил медиҳанд, ошкоро гуфта мешавад. Ҳамчунин, сирҳои тиҷоратӣ ҳастанд, вале грантҳо ба сирри тиҷоратӣ ҳам дохил намешавад.” – изҳор намуд ҳуқуқшинос.

Муовини Абдуҷаббор Юсуфзода – директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар бораи ҳамкорӣ ва истифода аз грантҳои ташкилоти ҳамкории Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, ҳамчунин, Бонки ҷаҳонӣ иттилоъи умумӣ дода, маблағи грантии  Бонки ҷаҳониро зиёда аз 15 ҳазор доллар қайд намуд. Ин маблағ ба роҳандозии чорабиниҳо оид ба пешбурди корҳои бунёдиву барқароркунии ҷангал, харидории техника, баланд бардоштани савияи дониши кормандон сарф карда мешавад. Ҳамчунин, Агентии хоҷагии ҷангал чанде пеш бо Хадамоти ҷангали ИМА ҳамкориро ба роҳ гузошт ва дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба гузаронидани баҳисобгирии миллии ҷангалҳо корбарӣ карда истодааст. Вале боз ҳам суоли мо оид ба миқдори мушаххаси маблағҳои тариқи грант бадастовардаи агентӣ беҷавоб боқӣ мемонад.

Шоира Мадалиева, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь