Санаи 2-юми декабри соли равон соати 10:00 дар Кохи фарҳанги шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бахшида ба гиромидошти нависандаи сермаҳсул Аброр Зоҳир маҳфили адабӣ-қадршиносӣ баргузор мегардад.

Маҳфили мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд роҳандозӣ гардида, ҳаводорони ин нависандаи асил метавонанд дар он иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки Аброр Зоҳир яке аз нависандагони маҳбуби тоҷик буда, дар чандин бахшҳои васоити ахбори омма фаъолият намудааст. Ӯ дар зинаи роҳбарӣ ҳам фаъолият карда, як замон директори Телевизиони Тоҷикистон, Директори генералии киностудияи «Тоҷикфилм», сармутахассиси шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва директори Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ низ буд. Марҳум аз соли 2012 то рӯзи вафоташ (23.11.2015) ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» фаъолияти босамар дошт.

Аброр Зоҳир муаллифи даҳҳо китоб, аз ҷумла повестҳои «Дуроҳа», «Як рӯзи ҳаёт», «Моҷарои қабр», «Хоки фаромӯшӣ», «Меҳмони нохонда», романҳои «Мунтасир», «Васвасаи дунё», «Дар ҷилди одам», «Арсаи набарди гургон» ва ғайра аст.

Фарзона Камолова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь