Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки ба як қатор қонунҳои кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои сандҳои судӣ таҳия шудааст. Зеро таҳлилҳо нишон доданд, ки қарздорон аз муҳлати муқаррар гардидаи Қонун зиёдтар маблағро барои таъминоти фарзандони ноболиғ насупорида бошанд ҳам, бо супоридани як қисми ночизи он маблағ аломати саркашӣ дар кирдорашон аз байн рафта, вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз намегардад.

Аз ин рӯ, тибқи лоиҳа ба моддаи 178 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани эъзоҳ пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он дар моддаҳои 177 ва 178  Кодекси мазкур бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғи қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ новабаста аз давраи пардохт дар ҳаҷме, ки он дар маҷмӯъ маблағи муқаррар гардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь