Бозии даври чоруми марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи «Е» миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис»-и Эрон бо натиҷаи мусовии 1:1 ба охир расид.

Ҳисоби бозиро бозигари маъруфи эронӣ Маҳдӣ Туробӣ дар дақиқаи 30-юм аз зарбаи ҷаримавӣ кушод. Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони “Истиқлол” бо голи Сенан Себай дар дақиқаи 74-ум натиҷаро баробар карданд. Ҳамин тавр, бозӣ мусовӣ анҷом ёфт ва имкони аз гуруҳ баромадани «Истиқлол» камтар гардид.

Дар бозии дигари ин гуруҳ дастаи «Ал-Наср» дар сафар бе Криштиану Роналду тавонист, ки дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатарро мағлуб кунад. Ҳисоби 2:3 ба қайд гирифта шуд.

Ҳоло дар ҷадвали гуруҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 12 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Истиқлол” бо ду имтиёз дар зинаи сеюм ва “Ал-Дуҳайл” бо як имтиёз дар зинаи чаҳорум аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь