Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар 71 иншооти таъиноташон гуногун бо харҷи 398 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз  бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд, ки аз 71 иншооти дар нақшабуда, 23 адади он бо харҷи 95 миллиону 207 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки баъди ба истифода додани онҳо беш аз  200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Қайд гардид, ки аз онҳо 14 иншоот дар  соҳаи истеҳсолоту саноат, 11 иншоот дар  соҳаи маориф, 5 иншоот дар  соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот дар  соҳаи варзиш, 3 иншоот ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 35 иншооти боқимонда ба дигар соҳаҳои иҷтимоию маишии шаҳр рост меоянд.

Аз иншоотӣ ҷашни 22 ададаш дар маркази  шаҳр бо арзиши 253 миллион сомонӣ, 26 адад  дар ҷамоати деҳоти “Гулистон” бо харҷи 4 миллиону 770 ҳазор сомонӣ ва 23 иншоот дар ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” ба маблағи 140 миллиону 970 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь