Аз ҷониби кормандони Кумитаи замини шаҳри Левакант дар 9 моҳи соли ҷорӣ 81 қонуншканӣ дар самти замин ошкор карда шудааст, ки қонуншиканҳо ба маблағи зиёда аз 32 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Левакант Зайнулло Саидзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, аз 81 қонунишкании ошкоршуда дар самти замин 9 ҳолати он ғасби худсаронаи замин аст, ки нисбати онҳо мавод тартиб дода шуда,  барои баррасӣ ба прокуратураи шаҳр пешниҳод гардидааст.

“Бештари қонуншикании ошкоршуда дар самти замин истифодаи заминҳо бе ҳуҷҷати тасдиқунанда мебошад”, – илова кард ӯ ва гуфт, ки шахсони қонуншикан ба маблағи бештар аз 32 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 1 гектару 95 садяк замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Қайд гардид, ки баҳри  пешгирии қонушиканӣ дар самти  замин  аз ҷониби  кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Левакант дар  якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор  чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь