Дар шаҳри Левакант 4 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд, ки се муассисааш ба таъмиру таҷдид ниёз доранд. Масъулони бахши маорифи шаҳр,  омили саривақт таъмир нашудани кӯдакистонҳоро маблағгузории кам арзёбӣ карданд.

Мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Файзулло Раҳимов, зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки  дар шаҳр 4 муассисаи томаткабӣ фаъолият дорад, ки  аз онҳо яке хусусӣ ва 3-и дигар дар салоҳияти МИҲД-и шаҳр мебошад. Дар кӯдакистонҳо 600 нафар ба таълиму тарбия ҷалб карда шуданд.

Вазъи кӯдкистонҳое, ки ҳоло дар шаҳр фаъолият доранд, ба талабот ҷавобгу нестанд.  Омили таъмир нашудани кӯдаикстонҳои шаҳрро ин шахси масъул маблағгузорӣ нашудан аз ҳисоби буҷети шаҳр арзёбӣ кард.  “Симои буруна ва дохили биноҳо ба таъмири ҷидди ниёз доранд”, – гуфт мудир ва афзуд, аз ҷониби ҳукумати шаҳр маблағи муайян ҷудо карда шудааст, ки ин камбудиҳо дар оянда ислоҳ хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфти сардори раёсати Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Левакант  Сайдаҳмазода Шуҳрат имсол барои таъмири муасссиаҳои томактабӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр бештар аз 55 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва мақомоти шаҳр имкнон надорад, муассисаҳои томактабиро пурра аз ҳисоби буҷет таъмир кунад, зеро барои таъмири асосии як муассиса 1,5 миллион сомонӣ лозим аст, илова кард ӯ ва гуфт, ният доранд аз ҳисоби барзиёдии қисми даромади буҷет  муассисаҳои томактабиро ба қадри имкон таъмир кунанд.

Ба ҷуз маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби суратҳисоби худашон барои таъмир маблағ ҷудо мекунанд.

Файзулло Раҳимов, дар идома афзуд, ки бо дастгирии раиси шаҳр Мастура Табарӣ ба кӯдакистони  №3-и шаҳр  50 рахти хоб таъмин карда шуд. Мудир натавноист бигуяд, ки фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томакатбӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дақиқан чанд дарсадро ташкил медиҳад.

Раиси навтаъини шаҳри Левакант  Мастура Табарӣ зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки коро аз соҳаи моариф оғоз мекунад ва то қадри имкон мушкилоти ин соҳаро бартараф хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь