Призиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” рафт ва ду чархаи ин иншооти муҳими гидроэнергетикро ба кор даровард.
Аз ҷониби Пешвои миллат чархаи 2-юми неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва чархаи 6-ум бо тавоноии 49 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди чархаи 3-юм оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин нерӯгоҳи аз лиҳози иқтидор бузург ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар шаҳри Левакант Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохт.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон карда шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр буда, дар ободонии атрофи иншоот кормандони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Левакант саҳми муносиб гузоштанд.