Дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2004 дар масоҳати як гектар замин сохтмони бинои МИҲД-и шаҳр оғоз гардидаву бо гузашти беш аз 19 сол ба ҷуз таҳкурсиаш аз идомаи сохтмон дараке набуд. Рӯзҳои наздик  корҳои сохтмонӣ  дар иншооти мазкур дубора оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора Кабирзода Неъматуло, муовини аввали раиси шаҳри Леваканд, имрӯз  зимини нишасти хабарӣ итилоъ дод.

“Бинои мақомоти маҳаллии шаҳри Леваканд воқеан ҳам солҳои тулонӣ нотамом боқӣ монда буд, хушбахтона, бо дасгирии ҳукумати вилояти Хатлон имсол барои идомаи сохтмони он аз буҷети вилоят, тариқи сохтмони асосии вилоят 1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик дубора сохтмонаш оғоз хоҳад ёфт”, – илова кард ӯ.

Мансур Юсуфов, собиқ  мудири шуъбаи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд, гуфта буд, ки сохтмони бинои иловагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иқдоми мақомоти шаҳр соли 2004-ум дар вақти собиқ раиси шаҳр Ҳалқамо Тӯрахонова дар масоҳати бештар аз як гектар замин оғоз гардида буд. “Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе пурра таҳия гашта, аз ташхиси лоиҳавӣ гузаштааст”,- қайд кард номбурда ва афзуд, ки худи ҳамон сол санги асоси ин биноро раиси вақти вилоят Амиршо Миралиев ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гузошта буданд.

– Танҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соли 2016 бо харҷи 216 ҳазор сомонӣ баъзе корҳо иҷро шуд. Худи ҳамон сол Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон 500 ҳазор сомонӣ ихтисос дод. Дар маҷмуъ бо 716 ҳазор сомонӣ фақат таҳкурсии бино бунёд шуду халос. Аз он сол то ҳол дигар аз ягон ҳисоб сохтмони мазкур маблағгузорӣ нашуд, – бо таассуф гуфта  буд Мансур Юсуфов.

Муовини раиси шаҳр афзуд, ки дар натиҷаи талошҳои раиси имрӯзаи  шаҳри Леваканд Файзиддинзода Бунафша ва дастгириҳои раиси вилоят Давлаталӣ Саид, кор дар иншооти мазкур, ки солҳои тӯлонӣ нотамом боқӣ монда буд,  аз ҳафтаи оянда оғоз мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь