Дар шаҳри Леваканд ҳамагӣ як чароғаки роҳнамо ҳаст, ки онҳам аз фаъолият бозмонда, боиси ташвиши ронандагон ва пиёдагардон гаштааст.
Чанде аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон бо изҳори ташвиш гуфтанд, ки моҳҳо боз ягона чароғаки раҳнамои шаҳр кор намекунад. “Барои гузаштан аз роҳ мо ронандагон ва мусофирон мушкил мекашем. Бояд масъулони шаҳри Леваканд ягона чароғакро иваз ё таъмир кунанд, то бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин бошад”, – мегӯянд сокинон.
Имрӯз мо зимини як сафари корӣ дар шаҳри Леваканд мушоҳида кардем, ки дар ягона чароғаки роҳнамои шаҳр тортанакҳо тор танидаву шишаҳои баъзеяш шикастааст, аммо касе дар фикри таъмир ё нав кардани чароғак нест.
Блоки рекламавӣ