Дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҳануз  соли  2004  дар масоҳати як гектар сохтмони бинои ҳукумати шаҳр оғоз гардидаву бо гузашти беш аз 19 сол ба ҷуз таҳкурсиаш аз идомаи  сохтмон дараке нест.

Раиси шаҳри Леваканд Бунафша Файзиддинзода дар нишасти хабарии охираш  иттилоъ дод, ки сохтмони бинои мазкур аз соли 2004 оғоз шуда, соли 2011 аз ҳисоби буҷети маҳалиӣ таҳкурсии бино рехта шуда, баъдан идомаи сохтмон  ба зимаи Сохтмони асосии вилояти Хатлон вогузор карда шудааст.

Далели идома наёфтани сохтмони биноро раиси шаҳр набудани маблағ арзёбӣ кард:

– Чандин маротиба оид ба ин масъала муроҷиат кардем. Имсол маблағ барои идомаи сохтмони бинои ҳукумати шаҳр пешбинӣ шудааст ва бояд аз моҳи март сохтмонаш озоз шавад.

Дар ҳамин хусус чанде пеш роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдулозода Абдулвоҳид хабар дода буд, ки сохтмони бинои иловагии маъмурияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Леваканд соли 2013 дар асоси мактуби раиси ҳамонвақта  оғоз гардидааст. “Маблағи харҷномавии иншоот 18  миллиону 271 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корҳои иҷрошуда дар сохтмони мавриди назар 539,7  ҳазор сомонӣ асту халос. Ҳамагӣ корҳои иҷрошуда дар бинои мазкур се дарсадро  ташкил медиҳанд”, – гуфта буд ӯ.

Ӯ  сабаби асосии идома наёфтани корҳои  сохтмониро дар бинои иловагии ҳукумати шаҳри Леваканд маблағгузорӣ нашудан, гуфта буд.

Ба иттилои расида, санги асосии биноро соли 2004 раиси шаҳри ҳамонвақта   Ҳалқамо Турахонова бо раиси вилоят Амиршо Миралиев гузошта буданд. Баъд дар шаҳри Леваканд Раҷабов, Чилазода Қарахон, Санавбар Самизода, Давлатзода Зарина раис таъйин шуданду рафтанд, баъди Амиршо Миралиев  роҳбарии вилояти Хатлонро  Ғайбуло Афзалов, Давлатшо Гулмаҳмадзода Қурбон Ҳакимзода бар уҳда доштанд, аммо ин бино ҳанӯз нотамом боқӣ мондааст.

Шаҳрдори ҳозираи  Леваканд талош дорад, сохтмони биноро дубора оғоз кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь