Дар пайи латукӯби нозири барқ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Қосим Сатторов сардорони шабакаи барқ ва шуъбаи фурӯши барқи ноҳияи мазкур аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷои онҳо роҳбарони тозатаъйин муаррифӣ шудаанд.

Як манбаъ аз идораи шабакаи барқи ноҳияи Панҷ гуфт, роҳбарони навро рӯзи гузашта роҳбари филиали ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар Раҷабалӣ Бояков муаррифӣ кардааст.

Аз ҶСК Шабакаи барқи ҷануб дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ба вазифаи сардори нави идораи барқи ноҳияи Панҷ Файзалӣ Шералӣ, ки қаблан дар ноҳияи Кӯшониён фаъолият мекард ва ба сардории шуъбаи фурӯши барқ Зоҳиршо Нурзод, зодаи ноҳияи Панҷ, таъйин гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь