Деҳқонони лаҳистонӣ ба манзури коҳиши вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои мусалмонӣ дар марз бо Белорус поруи хук рехтанд.
Ин амалиёти «ифлос» мувофиқи ваъдае, ки аз ин пеш фаъолони Эътирози умумилаҳистонии деҳқонон ва Ҳаракати ҷавондеҳқонҳо дода буданд, гузаронда мешавад.
Яке аз иштироккунандагони ин чорабинӣ ба Wirtualna Polska мақсади ин чорабиниро шарҳ додааст: «Бо ин мо нишон медиҳем, ки бо нерӯҳои амниятии худ якдил ҳастем. Мо ба мақомот нишон медиҳем, ки қаламрави худро чӣ гуна муҳофизат кунанд».
Деҳқонони эътирозӣ бовар доранд, муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз роҳе, ки поруи хук дорад, убур нахоҳанд кард.
Ба гуфтаи кишоварзон, ҳар рӯз марзбонони Лаҳистон аз рафтори хашини муҳоҷироне, ки дар марз бо Белорус қарор доранд, шикоят мекунанд. Мушаххас шудааст, ки ахиран яке аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳангоми кӯшиши убури марз ба як сарбози лаҳистонӣ корд задааст.