Мутахассисони хадамоти «Максим» оморро таҳлил карда, ҷинс, синну сол ва тамғаи смартфони истифодабарандаи оддии барнома барои фармоиши таксиро муайян карданд.

Муайян гардид, ки дар Тоҷикистон мардон 4 маротиба бештар нисбат ба занон таксӣ даъват мекунанд. Ҳиссаи истифодабарандагони барномаи ширкат, ки ҷинси мардонаро нишон доданд, 80% аз шумораи умумӣ аст. Занон 20% истифодабарандагонро ташкил медиҳанд.

Дар таксӣ ҷавонони то 24-сола нисбатан фаъолтаранд: ин гуруҳи синнусол дар ҷойи якум аз рӯи шумораанд, ки 41 дарсаданд. Дар ҷойи дуюм одамони аз синни 25 то 35 сол бо натиҷаи 37% ҳастанд. Ҷойи сеюмро одамони 36-45-сола ишғол мекунанд, ҳисссаи онҳо — 16%. Мусофирони калонтар аз 46-сола ҳамгӣ 6% аз шумораи умумиро ташкил медиҳанд.

Агар дар бораи низомҳои оператсионии смартфонҳо сухан равад, он гоҳ дар 81% ҳолатҳо барнома барои фармоиши таксиро ба Android насб мекунанд. Ҳиссаи iOS 19% мебошад. Ҳамин тариқа, Android 4 маротиба машҳуртар аз низоми оператсионии Apple мебошад. Ҳамзамон истифодабарандагони iOS нисбатан содиқтаранд ва зуд-зуд ба барнома баҳоҳои баланд мегузоранд. Ҳамин тариқа, баҳои миёнаи «Максим» дар App Store — 4,8, дар Google Play бошад — 4,7.

Бренди машҳуртарини смартфонҳо байни мусофирони таксӣ — Samsung-и куриёӣ аст, ки ҳиссаи соҳибони чунин дастгоҳҳо 46% аз миқдори умумии онҳоро ташкил медиҳад. Баъдан смартфонҳои бренди чинӣ Xiaomi меистанд, онҳо 30%. Дар ҷойи сеюм бо натиҷаи 24% корпоратсияи амрикоии Apple меистад.

Ккиро дар курсии мусофири таксӣ дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дидан мумкин аст? Бо эҳтимоли зиёд ин ҷавонмарди то синни 24-сола бо смартфони Samsung дар даст аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь