Мадинаи Рустам, паҳлавондухтари номдори Хатлонзамин, дар куштии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Бохтар, ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби ду  шоҳҷоиза шуд. Ин аввалин шоҳҷоизаҳои Мадинаи Рустам аз куштӣ мебошад.

Мадинаи Рустам рӯзи 21 марти соли равон дар мусобиқаи куштии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз худ маҳорати хуб нишон дода, шаш рақибро ба тахтапушт хобонда, соҳиби автомашинаи сабукрав гардид. Калиди мошинро ба Мадинаи Рустам раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад супорид.

Ин паҳлавондухтар аз худ қаҳрамонӣ нишон дода, шоҳҷоизаро ба  хонаи ятимони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тӯҳфа кард.

Ҳамчунин, Мадинаи Рустам дар куштии миллӣ, ки рӯзи 22 марти соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар  баргузор гашт, 9 ҳарифи худро шикаст дода, соҳиби яке аз шоҳҷоизаҳо – автомашинаи «Лада приора» шуд. Калиди автомашинаро  дар вазъияти тантанавӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ӯ супорид.

Мадинаи Рустам, зодаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ буда, дастпарвари мактаби варзиши Кангурт аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь