Як зан дар рафти даъво бо шавҳараш ба сару рӯйи ӯ чанд маротиба бо болға задаааст, ки боиси марги дуюмӣ шудааст.

Кормандони милитсия зани 60-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир кардаанд. Номбурда, рӯзи 7-уми январи соли 2018, тахминан соати 03:25, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 70-солаи сокини ноҳияи мазкур даъво кардааст. Сипас, дар рафти муноқиша бо болға чанд маротиба ба сару рӯйи ҳамсараш задааст. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь