Бар асари ҳамлаи Ҳамос беш аз 700 исроилӣ кушта, беш аз 100 каси дигар асир ва ба навори Ғазза бурда шуданд. Бо гузашти ду рӯзе, ки ҷангҷӯёни Ҳамос ба Исроил ворид шуданду садҳо нафарро кушта ва ҳазорон нафарро маҷрӯҳ карданд, артиши исроилӣ то ҳол назорати комили манотиқи ҳаммарз бо навори Ғаззаро дубора ба даст наовардааст.

Исроил рӯзи якшанбе расман вазъи ҷанг эълон кард, зеро шумори қурбониёни ҳамлаи бесобиқаи Ҳамос як рӯз пеш аз 700 кас гузашту интизор меравад боз ҳам афзоиш ёбад ва сарнавишти беш аз сад касе, ки рабуда ва ба навори Ғазза бурда шуданд, ҳанӯз рӯшан нест.

Дафтари матбуоти ҳукумат, як оҷонси назди дафтари нахуствазири Исроил, гуфт, шумори гаравгонҳо дар навори Ғазза аз 100 нафар гузаштааст. Шоми якшанбе Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ гуфтанд, ки ҳудуди 130 гаравгони исроилиро дар ихтиёр доранд ва гуфтаанд, ки онҳо аз ҷумла шахсони мансабдори артиши Исроил низ ҳастанд.

Ҳавопаймоҳои исроилӣ баъд аз зуҳри якшанбе ба ҳадафҳое дар навори Ғазза ҳамлаҳои ҳавоии “бошиддат” анҷом доданд, ки чанде қабл дафтари нахуствазир Бинёмин Нетаняҳу эълон кард, ки кобинаи амниятӣ шаби шанбе барои эълони расмии ҳолати ҷангии кишвар раъй додааст

Вазорати тандурустии Фаластин гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо шумори кушташудагон дар навори Ғазза ба 413 кас расида ва 2300 тани дигар захмӣ шудаанд.

Даргириҳо рӯзи якшанбе дар дастикам се шаҳраки наздики марзи Ғазза, ки як рӯз пеш аз сӯи ҷангҷӯёни Ҳамос тасарруф шуда буданд, идома ёфт ва ҳамлаҳои мушакӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи шанбе ҷангиёни Ҳамос ба 22 шаҳрак дар ҷануби Исроил, аз ҷумла шаҳрҳо ва шаҳракҳои хурди то 15 мил (24 километр) аз марз бо навори Ғазза ҳамла карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь