26-уми ноябр дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ҳарбии Русия дар музофоти Дайрузори Сурия 53 нафар аҳолии осоишта, аз ҷумла, 21 кӯдак, кушта шудаанд.
Ҳамла ба деҳаи Ал-Шафаҳ, ки дар қисмати шарқии дарёи Арафот ҷойгир аст, сурат гирифтааст. Дар ин бора Шӯрои назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия хабар додааст.
Дар оғоз аз кушта шудани 34 нафар хабар доданд, аммо баъдтар роҳбари Шӯро Рамӣ Абдулраҳмон ба AFP гуфт, ки шумораи фавтидагон баъди аз вайронаҳо берун кашидани одамон афзудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамла ба биноҳои истиқоматӣ дар ноҳияҳои зери тасарруфи “Давлати исломӣ” равона карда шудааст ва ин боиси кушта шудани мардуми осоишта гардидааст. Ҷониби Русия тасдиқ кардааст, ки ба ҷойи будубоши террористони ДИИШ ҳамлаи ҳавоӣ доштааст.
Блоки рекламавӣ