Борони шадиди дирӯз боиси омадани сел шуд, ки да натиҷа ба роҳҳо, хонаҳо, боғҳо ва дар умум ба одамон зарари зиёд расонду чанд тан низ дар ин офати табиӣ кушта шуданд.

Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 кас, аз ҷумла 11 тан дар шаҳри Ваҳдат ва 2 тани дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Борони шадид боиси маваққатан баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд низ шудааст.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ба Ҳукумат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, дар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь