Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён дар рӯзҳои барфӣ пурра роҳҳои мошингарди ноҳияро аз барф тоза карданд.
Роҳбари муассисаи мазкур Ҷовид Ҳакимзода ба ” Фараж” гуфт, дар як шаб, яъне шаби 26-27 феврали соли ҷорӣ, дар роҳҳои ноҳия барои ҳаракати мунтазами нақлиёт беш аз 40 тонна қуму намак пошида шуд.
Гуфта шуд, ки 4 техника ва 25 коргар шаби гузашта барои тоза кардани роҳҳо сафарбар шуда буданд. Коргарон бо сару либоси зимистона ва хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар умум барои зимистонгузарони 290 куб маводи зидди лағзиш дар анбори муассисаи мазкур захира карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ихтиёри Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён дар умум 230 километр роҳ вобаста карда шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи онҳо дар рӯзҳои барфӣ таъмин будаанд.